Telegram Group Search
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории хоҳанд кард

Арабистони Саудӣ умедвори ҳамкории густурда ва судманд бо Тоҷикистон дар дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об мебошад.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Тоҷикистон Покистонро шикаст дод, вале ба марҳилаи баъдӣ роҳ наёфт

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври охирини марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Покистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи ҳарду дастаро дар ҷадвали гурӯҳи “G” тағйир надод.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Давоми ҳашт сол Тоҷикистон пурра ба энергетикаи "сабз" мегузарад

Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, ки то соли 2032 неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби захираҳои энергетикаи "сабз" истеҳсол карда мешавад


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Тарҳи манъи пӯшидани ниқоб дар Русия

Ду вакили Думаи давлатӣ аз Ҳизби коммунисти Русия лоиҳаи қонунро дар бораи манъи пӯшидани ниқоб ба ҳукумати ин кишвар фиристодаанд. Тарҳи қонун барои пӯшондани рӯй то 30 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ мекунад.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Нархи гӯшт дар Тоҷикистон боло рафтааст

Нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва атрофи он боло рафтааст. Дар баъзе аз бозорҳои пойтахти Тоҷикистон ҳоло нархи як кило гӯшти гов аз 80-82 сомонӣ зиёдтар аст. Нархи гӯшти гӯсфанд ва буз 85 сомонист.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Reuters: "Ҳамос" қатъномаи Шӯрои амниятро пазируфт

Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи поёни ҷанг дар Навори Ғазза ризоят додааст. Дар ин бора хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба роҳбарияти гурӯҳ иттилоъ дод.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Чоҳҳои нафт дар Балҷувон хушкидаанд?

Дастгоҳҳои фарсудаву бозмонда аз Шӯравии собиқ, ки то соли 2005 аз қаъри замин дар ноҳияи Балҷувон нафт мекашиданд, акнун барои баровардани об истифода мешаванд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Зоҳидӣ: Миёни Тоҷикистону Эрон дар се сол 44 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ахиран гуфт, ки бо сафари русои ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон, дар се соли гузашта 44 санади ҳамкори байни ду кишвари имзо расидааст.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Ғарқшавии 21 ноболиғ дар 5 моҳ дар Хатлон

Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар давоми панҷ моҳи соли равон дар куллу дарёҳои вилоят 21 ноболиғ ғарқ шудааст.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Тоҷирони ду бозори пойтахти Қирғизистон даст ба тазоҳурот заданд

Тоҷирони бозорҳои "Дордой Дийкан" ва "Азиз"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 12-уми июн ба нишони эътироз ба истифодаи ҳатмии варақаи электронии интиқол ва ҳисобномаҳои электронӣ тазоҳурот карданд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Беш аз 1,5 миллион нафар барои адои маросими ҳаҷ ба Саудӣ рафтаанд

То 11-уми июн беш аз якуним миллион мусулмон аз гӯшаҳои ҷаҳон барои адои маросими ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шудаанд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Путин созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эронро ба тасвиб расонд

Ба гуфтаи мақомоти Русия тасвиби ин созишнома имкон медиҳад тиҷорат байни кишварҳои ИИАО ва Эронро соддатар созад.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
“Беш аз 10 ҳазор доллар.” Маросими дафн дар Русия “гарон шудааст”

Сокинони Русия шикоят доранд, ки пас аз ҳамлаи Маскав ба хоки Украина ва афзоиши маргу мир арзиши маросими дафн дар баъзе аз минтақаҳои ин кишвар башиддат боло рафтааст. Онҳо мегӯянд, акнун на барои истироҳату сайругашт, балки бештар барои рӯзи дафн пул ҷамъ мекунанд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Тоҷикистониён дар рӯзи Иди Қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд? – Шарҳи Иттифоқҳои касаба

Шӯрои уламои Тоҷикистон санаи дақиқи Иди Қурбонро маълум намуд, дар ин радиф Федератсияи Иттифоқҳои касаба рӯзҳои истироҳатиро эълон кард, ки се рӯз аст.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Як занро барои шиканҷаи фарзандаш дар Узбекистон зиндонӣ карданд

Додгоҳи ноҳияи Шофиркони вилояти Бухорои Узбекистон занеро, ки давоми ду сол кӯдакашро шиканҷа кардааст, се сол аз озодӣ маҳрум кард.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
Ба Тоҷикистон имтиёзҳои кишварҳои ИИАО дастрас мешавад?

Тоҷикистон дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ ба сармоягузорони рус барои бад нашудани шароитро кафолат медиҳад.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Эрон: Зарфиятҳо мо дар заминаи нақшабардорӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад

Мақомдори эронӣ гуфт, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои Созмони нақшабардории Эрон дар ихтиёри Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Бунёди “Боғи дӯстии зардолу”-и Тоҷикистон дар шаҳри Боку

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи муносиб қарор дорад.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Тоҷикистон тасмим дорад ба Арабистони Саудӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот намояд

Роҳандозии хатсайрҳои мустақим байни шаҳрҳои ду кишвар омили муассир дар рушд ва таҳкими робитаҳо, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорат мебошад.


🛰 Манбаъ: Sputnik-tj.com
📢 Канал: @tojikiston_news
Намоишномаи ҳунарпешаи тарафдори Путинро бекор карданд

Мақомоти Словения бо дархости Украина намоишномаи як балеринаи русро бекор кардаанд.


🗽 Манбаъ: Ozodi.org
📢 Канал: @tojikiston_news
2024/06/12 16:31:42
Back to Top
HTML Embed Code: